Хоҷсон ба "Сити" кумак мекунад

Хоҷсон ба "Сити" кумак мекунад

Сармураббии қаблии тими мунтахаби Англия Рой Хоҷсон ба кор баргашт, ва бо яке аз дастаҳои оилаи “Манчестер Сити” “Мелбурн Сити”-и Австаралия гуфту шунид анҷом дод. Қайд бояд кард , ки сабаби аз кор ронда шудани ин мутахассис бохти тими мунтахаби Англия аз Исландия дар даври 1/8 ниҳоии Чемпионати Аврупо 2016 мебошад. Ба муҳлати шартномаи ин мутахассис нигоҳ накарда пас аз нокомии дастааш Хоҷонс аз вазифаи сармураббигӣ сабук душ карда буданд. Баъд аз паси сар кардани мушкилиҳо Хоҷсони 69 сола қарор дод то дубора ба кор оғоз кунад , айниҳол Рой дар сохтори City Football Group фаолият хоҳад кард , ки ин ҳамаи шабакаҳои дастаҳоеро , ки дар тамоми ҷаҳон ба тими “Манчестер Сити” таалуқ дорад бо ҳам мепайвандад. Тибиқи нашрияи BBC, Хоҷсон кори мураббиҳои дастаи “Мелбурн Сити”-ро дар ҳама сину сол назорат хоҳад кард. Ва ҳамчунин айни ҳол дастаи австралягӣ дар ҷустуҷуи сармураббии нав мебошад , аммо Рой ба ин мавқеъ мароқ зоҳир накард. Хабар дода мешавад , ки барои ба ин кор оғоз кардани мураббии қаблии мунтахаби Шветсария, “Интер” , “Ливерпул” , “Фулхем” ва “Вест Бромвич” директори City Group Football , Брайаном Марвудом кумак кардааст.