Хуршед Муртазоқулови тоҷик дар Форуми «Футбол барои дӯстӣ»

Хуршед Муртазоқулови тоҷик дар Форуми «Футбол барои дӯстӣ»

Хонандаи 12 солаи синфи шашуми Мактаби байналмилалии Душанбе Хуршед Муртазоқулов Тоҷикистонро дар Лоиҳаи иҷтимоии «Футбол барои дӯстӣ» (Footbal for Friendship),ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия аз 26-уми июн то 3-юми июли соли равон сурат мегирад, муаррифӣ мекунад. Ширкати Газпром-шарики расмии ФИФА ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 ба ҳайси ташаббускори ин лоиҳа баромад менамояд. Имрӯз дар Душанбе марҳилаи ниҳоии интихоби футболбози навраси арзандатарини Тоҷикистон барои иштирок дар мавсими панҷуми Лоиҳаи байналмилалии иҷтимоии кӯдакона «Футбол барои кӯдакон» анҷом ёфт. Роҳбари лоиҳаи мазкур дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кавкази Ҷанубӣ Амина Конурбаева дар конфронси матбуотии расмӣ баромад намуда, иброз дошт, ки шумораи кишварҳои иштирокдори пружаи «Футбол барои дӯстӣ» имсол ду маротиба афзуда, варзишгарони умедбахши навраси чор қитъаи оламро гирд меорад. Аз рӯи натиҷаи озмун бо афзалияти начандон зиёд Хуршед Муртазоқулов ғолибият ба даст овард. Номбурда дар озмун аз рӯи шигирдҳои нигоҳдошти тӯб, ҳадафмандии зарбаҳо ба дарвоза ва донистани забони англисӣ бартарии худро собит кардан ёрист. Ғайр аз дастовардҳои баланди варзишӣ Хуршед ғолиби чандин олимпиадаҳои шаҳрӣ ва иштирокчии ҳамоишҳои мушобеҳи байналмилалӣ аз фанҳои риёзӣ ва информатика ба ҳисоб меравад.

-Ман хеле хушнудам, ки кишвари худро дар лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» намояндагӣ мекунам. Чаро ки ба дил армон мепарваридам то барои худ дар ин лоиҳа роҳ кушоям. Дар ангезаи ин ҳавову ҳавас ҳамвора машқи маҳорат менамудаму омодагӣ ба озмун мегирифтам. Бароям он ҳама муқаррароте, ки дар ин барнома роиҷу раво шумурдаанд, хеле хушоянд афтод, - иқрор меояд ин футболбози навхостаи соҳибистеъдоди тоҷик.

Ҳамасола садҳо футболбози навраси боистеъдодро аз тамоми нуқтаҳои маъмурию ҷуғрофии ақсои олам фарои ҳам меорад. Имсол низ бад- ин ҷиҳат ин оин истисно нашуд ва дар лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» иштироки намояндагони 64 давлат аз чор қитъаи олам бо шумули Австрия, Аргентина, Бразилия, Британияи Кабир, Норвегия ва чанд давлати дигра дар назар аст.