14 медали варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои осиёӣ

14 медали варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои осиёӣ

Дар рӯзи чаҳоруми  5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик дар намудҳои варзиши сабук, муайтай, гӯштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу ва таеквандо сабқат карда, соҳиби се нишони биринҷӣ гардиданд. Ҳар се медалро варзишгарони мо дар намуди гӯштини камарбандӣ (тарзи озод) ба даст оварданд: Хоҷаев Оятулло дар вазни -55 кг, Алибердизода Ибодулло дар вазни -60 кг ва Эркинбек Абдунабиев дар вазни -65 кг. Варзишгари маъруфи кишвар Кристина Пронженко, ки дар намуди варзиши сабук, давидан ба масофаи 400 метр ба финал баромада буд, сазовори ҷои шашум шуд. Дар намуди таеквандо WTF варзишгари маъруфи кишвар Моҳру Ҳалимова дар вазни -73 кг миёни бонувон аз варзишгари Ҷумҳурии Корея Мина Мйонг, ки медали тиллои бозиҳоро сазовор шуд, мағлуб гашт. Каримов Давлатмурод дар вазни -63 кг миёни мардон дар ду рақобат бар варзишгарони Непал (Баҳодур Маҳара) ва Қазоқистон (Қозибек Бахтиёрулу) пирӯз шуда, дар даври 1/8 ниҳоӣ аз намояндаи Ветнам Ван Дуй Нгуйен ноком гардид. Дар риштаи муайтай 3 варзишгари тоҷик ширкат намуданд. Дар вазни -71 кг Саймуҳаммад Шарипов аз варзишгари қазоқ Намик Нефталиев ва дар вазни -81 кило Сиёвуш Забиров аз Маҷид Ҳошими эронӣ шикаст хурданд. Давлат Болтаев дар вазни -86 кг варзишгари мизбон Ялкапбердӣ Таҷеновро мағлуб карда, ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳарифи Давлат дар ин давр, ки фардо доир мегардад, Шаҳез Фозили ироқӣ мебошад. Тоҷикистон дар чор рӯзи Бозиҳои осиёӣ сазовори 14 нишон, 1 нуқра ва 13 биринҷӣ гардида, миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 22 қарор дорад.