3 шамшерзани тоҷик дар ЧҶ-2017 иштирок мекунанд

3 шамшерзани тоҷик дар ЧҶ-2017 иштирок мекунанд

Аз 19-26 июл дар шаҳри Лейпсиги Олмон чемпионати ҷаҳон оид ба шамшерзанӣ баргузор мегардад. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 3 варзишгар - Беканазар Нуров ва легионерҳо Андрей Курганский ва Сергей Богданов - намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои ОИ "Азия плюс” Бекназар Нуров дастпарвари мактаби шамшерзании шаҳри Кӯлоб буда, бори аввал дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад.

Дар чемпионат варзишгарон дар қувваозмоиҳои инфиродӣ ва даставӣ дар намудҳои шпага, рапира ва сабля барои 12 маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд. Варзишгарони Тоҷикистон дар намудҳои шпага ва сабля қувва месанҷанд.