4 ҷудочӣ Тоҷикистонро дар Ҷоми Аврупо намояндагӣ мекунанд

4 ҷудочӣ Тоҷикистонро дар Ҷоми Аврупо намояндагӣ мекунанд

Аз санаи 22-23 июли соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни мардон ва занон баргузор мешавад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 411 варзишгар (126 зан, 285 мард) аз 46 давлат иштирок мекунанд. Мусобиқа ҳамчун марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон, ки 28 август то 3 сентябри соли равон дар Будапешти Маҷористон доир мегардад, дониста мешавад. Шарафи варзиши ҷумҳурии моро дар мусобиқаи мазкур 4 варзишгар - Садр Боев, Кароматулло Ҳакимов, Муҳаммадрасул Саидумаров (ҳама -81 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ҳимоя мекунанд.