7 нишони тиллои каратечиёни тоҷик дар чемпионати Аврупо

7 нишони тиллои каратечиёни тоҷик дар чемпионати Аврупо

Санаи 16-19 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Чехия 9-ум чемпионати Аврупо оид ба шотокан ва Ҷоми ҷаҳон (WSF) доир гашт, ки варзишгарони мо сазовори 7 медали тилло гардиданд. Ба иттилои Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон, Асадбек Фатоев дар синну соли 14-15, вазни -63 кг, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-55 кг), Умед Сафаров (-68 кг) миёни варзишгарони 16-17-сола, дар қувваозмоиҳои WКF ва кумитэ 2-тоӣ медали тилло ва Бадриддин Умедов миёни варзишгарони аз 18-сола боло дар намуди WКF як медали тилло ба даст оварданд. Дар чемпионат наздики 400 варзишгар аз 18 давлат ширкат доштанд.