Ақидаи Марадона нисбати гузариши Роналду ба Турин

Ақидаи Марадона нисбати гузариши Роналду ба Турин

Собиқ футболбози дастони мунтахаби Аргентина Диего Марадона, ки айни замон ба ҳайси сармураббии бошгоҳи «Дорадос»-и Мексико фаъолият дорад, фикру андешаи худро перомуни гузариши Роналду аз “Реал” ба “Ювентус” чунин баён кард. “Гузариш ба “Ювентус” ин як даъвати хуб барои Роналду буд. Ӯ ба “Реал” ҳама чиз дод, аммо худро дар онҷо роҳат ҳис намекард. Ҳоло ман мебинам, ки ӯ дар чемпионати Италия хеле хушбахт аст. Қарори Флорентино Перес дуруст буд. Ӯ қодир буд, ки ба Роналду иҷозат диҳад то тарки даста намояд. Мо дидем, ки дар “Реал” барои футболбози порпугалӣ чӣ тавр ғамгин шуданд, аммо як футболбоз наметавонад, ки дар даста аз дигарон боло бошад. Албатта Роналду голҳои зиёд мезад, аз ин сабаб фуруши ӯ хеле тааҷҷубовар менамояд. Ман медонам, ки Перес шахси оқилу бохират аст. Агар ӯ ба хулосаи он омада бошад, ки Роналдуро аз ҳайат ҷавоб диҳад, пас ин ногузир будааст”, иқтибос меорад маҷаллаи Mundo Deportivo аз ҷумлаҳои Марадона.