Қаҳрамони феълӣ дар дақиқаҳои охир аз бохт раҳо шуд

Қаҳрамони феълӣ дар дақиқаҳои охир аз бохт раҳо шуд

Рақобати дӯстона байни мунтахабҳои Фаронса ва Олмон баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Райн-Энерги” шаҳри Кйлн ҷараён гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар дақиқаи 33-юми бозӣ Александр Ляказетт Фаронсаро ба пеш баровар. Дар оғози қисми дуюми дидор Тимо Вернер ҳисоби вохӯриро баробар намуд. Дар дақиқаи 71-уми дидор боз як маротибаи дигар Ляказетт дарвозаи олмониҳоро рахна кард. Дар дақиқаи 93-юми рақобат Ларс Штиндл бо гози задааш қаҳрамони феълиро аз бохт наҷот дод. Дар бозии дӯстонаи дигар тими Белгия дастаи Ҷопонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тими Уругвай аз дастаи Австрия (1:2) шикаст хурд.

Бозиҳои дӯстона:

Олмон – Фаронса – 2:2 (0:1)

Голҳо: Вернер, 56 . Штиндл, 90 . – Лаказетт, 34 , 71.   

Белгия – Ҷопон – 1:0 (0:0)

Гол: Лукаку, 72. 

Австрия – Уругвай – 2:1 (1:1)

Голҳо: Забитсер, 5. Шауб, 87. – Кавани, 10. 

Уэлс – Панама – 1:1 (0:0)

Голҳо: Лоуренс, 75 – Купер, 90