Абубакар дар “Порту” мемонад ё на?

Абубакар дар “Порту” мемонад ё на?

Бошгоҳи футболи “Порту” барои тамдиди қарордоди ҳамкорӣ бо  Венсан Абубакар иқдом намуд. Сомонаи расмии бошгоҳи португалӣ хабар медиҳад, ки қарордод байни футболбози 25 сола ва даста то соли 2021 муқаррар шудааст. Дар шартномаи нави Абубакар чунин омадааст: ҳар дастае, ки хоҳиши харидории футболбози мазкурро дорад бояд, ки  ба хазиани португалиҳо 50 миллион евро пардохт намояд. Дар мавсими ҷорӣ футболбози камерунӣ дар ҳафт бозии Чемпионати Португалия ба майдон баромада, ба задани шаш гол даст ёфтааст.