Абубакр Муродзода ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфт

Абубакр Муродзода ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё  роҳ ёфт

Рӯзи чаҳоруми Чемпионати Осиё миёни муштзанҳои то 22 сола дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад. Дар ин рӯзи мусобиқа муштзани тоҷик Абубакр Муродзода ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Абубакр Мурозода дар вазни 60 кг бо намояндаи Ироқ – Қосим Қосимзода нерӯсанҷӣ кард. Дар ин қувваозмоии сахту сангин муштзани мо Абубакр Муродзода фаъол буд ва зарбаҳои ҳадафрас дошт. Ҳамин тавр дар ин нерӯсанҷӣ муштзани мо бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 3 бар 2 зафар ёфт ва ба даври нимниҳоӣ баромад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал Абубакр бар намояндаи Шри-Ланка Премаратна Ясиду бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5 бар 0 дастболо гардида буд.

Қобили зикр аст, ки муштзани дигари мо Муинхуҷа Муминов (48 кг) бо мағлуб кардани муштзани қазоқ ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё (U-18) роҳ ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс   аз 25-уми апрел то 8-уми май миёни муштзанони то 18 ва 22 сола байни писарону духтарон дар Қазоқистон баргузор мегардад.