Агнешка Радванска ба даври ниманиҳоии мусобиқоти Apia International Sudney роҳхат гирифт

Агнешка Радванска ба даври ниманиҳоии мусобиқоти Apia International Sudney роҳхат гирифт

Ракеткаи сеюми ҷаҳон, теннисбози муқтадири полшагӣ Агнешка Радванскаи 27 сола ба даври ниманиҳоии ин мусобиқоти бонуфуз Apia International Sudney рохҳат гирифт. Бояд гуфт, ки дар даври ¼ ниҳои Агнешка бо намояндаи Чин Дуан Инъин рақобат намуда, ҳарифро дар ду сет бо ҳисоби 6:3, 6:2 мувозеҳи шикаст намуд. Рақобат байни ин теннсбозон дар корт муддати 1 соату 19 дақиқа идома карда, бо бартарии зиёд ба суди ракеткаи сеюми ҷаҳон Агнешка Радванска ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки Агнешка дар даври ниманиҳоӣ бо намояндаи Чехия Барбора Стрисова рақобат мекунад.

Теннисбози бомаҳорати чехӣ Барбора Стритсова дар даври ¼ ниҳоии мусобиқаи Apia International Sudney бо намонядаи Дания Каролина Вознятски қувваозмоӣ кард ва дар се пайт бо мушкилии зиёд ғолиб гардид. Дидори ҳарифон дар корт муддати 3 соату 20 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 7:5, 6:7 ва 6:4 ба фоидаи варзишгари чехӣ хотима ёфт. Стритсова дар сети якум танҳо бо бартарии як гейм пирӯз шуд ва дар пайти 2-юм бо натиҷаи тай-брейк шикаст хурд. Аммо дар сети ҳалкунанда бартариро ба даст гирифта, пирӯзиро ба номи худ муҳр зад. Дар ҳисоби ӯ 5 эйс, 4 иштибоҳи дуболо ва 9 брейк-пойнт номнавис гардид. Вазнятски бошад, танҳо як партофти софи имтиёзовар ба истилоҳи маъмулии эйс карда, ба 8 иштибоҳи дукарата роҳ дод. Ӯ аз 15 имконияти брейк-пойнт дар 7 тояш муваффақ шуд