Ғалабаи бузурги “Истиқлол” бар “Серес Негрос”

Ғалабаи бузурги “Истиқлол” бар “Серес Негрос”

Чемпиони 5 каратаи Тоҷикистон бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дастаи «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод. Ду гол дар нимаи аввал ва ду голи дигар дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум аз зарбаи ҷаримавии 11-метра боз кард. Голи дуввумро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд. Дар қисми дуввуми бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 67-ум, Манучеҳр Ҷалилов голи сеюмро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зад. Голи чаҳорум ва ниҳоӣ низ ба Манучеҳр Ҷалилов марбут аст. Ӯ тӯбро дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд. Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва «Серес Негрос» рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад. Ғолиби ин ҷуфт ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфта, дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои ниҳоии байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд.

Ҷоми AFC-2017. Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ. Бозии аввал

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес Негрос» (Филиппин) – 4:0

Голҳо: Аҳтам Назаров, 25 – аз пеналтӣ (1:0). Ромиш Ҷалилов, 45 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 67 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 88 (4:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Александр Стетсенко, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷурабоев, Артем Барановский, Ромиш Ҷалилов (Муҳаммаҷони Ҳасан, 90+3), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 79), Манучеҳр Ҷалилов.

«Серес Негрос» (Баколод, Филиппин): Роланд Муллер, Кота Кавасе, Кевин Ингресо, Биенвенидо Марааон, Мануэл Отт, Ҷозе Елмер Портериа (Фернандо Родригес, 65), Иаян Рэмзи, Стефан Маркус Шрок, Карлос Де Мурга, Ҷуниор Муноз, Ҷефри Кристианс. Огоҳи шуданд: Амирбек Ҷурабоев, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Стефан Маркус Шрок, Биенвенидо Марааон («Серес Негрос»). 

22 август. Ҳиссор. Варзишгоҳи марказӣ. 13 800 тамошобин