Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Бангладеш

Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Бангладеш

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” бар тими Бангладеш бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Ҳеврони Фаластин барпо гардид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Бангладеш хотима ёфт. Футболбозони тоҷик дар нимаи дувум ташаббусро ба даст гирифта, ба дарвозаи рақибонашон се гол заданд. Голҳоро Амирҷон Сафаров, Нозим Бобоҷонов ва Зоир Ҷӯрабоев ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” мунтахаби Фаластин бар дастаи Урдун бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуд.

Дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Фаластин бо чоримтиёзӣ пешсафанд. Урдун бо се имтиёз дар зинаи севум ва Бангладеш бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври охирини мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “Е” рӯзи якшанбеи 23-юми июл барпо мегарданд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вазишгоҳи «Дура»-и Ҳеврон бо дастаи Урдун рақобат мекунад. Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ширкат меварзанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «Е».Даври 2-юм

Бангладеш – Тоҷикистон – 1:3

Голҳо: Соҳил Миа, 33 (1:0). Амирҷон Сафаров, 55 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 67 (1:2). Зоир Ҷӯрабоев, 87 (1:3). 

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Ойбек Абдуғаффоров, Ваҳдат Ханонов, Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев, Вайсиддин Сафаров (Кароматулло Саидов, 90+2), Мӯҳсинҷон Парпиев (Худойдод Узоқов, 38), Муҳаммадҷони Ҳасан, Нозим Бобоҷонов, Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев (Эҳсони Панҷшанбе, 46).