Ҳама ба футбол

Ҳама ба футбол

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хотири рушду ривоҷ додани ин ришта дар мамлакат ва оммавигардонии он пайваста тадбирҳои муассирро амалӣ мекунад. Яке аз барномаҳои ин созмони бонуфузи кишвар таҳти унвони “Рушди футбол дар маҳал” мавриди амал қарор гирифта, дар доираи он барои баргузории мусобиқаҳои зиёд шароиту имкон фароҳам оварда мешавад. Дар заминаи ҳамин иқдом роҳбарияти ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мусобиқаи вижаеро ба роҳ мондаанд. Дар маъракаи мазкур 22 даста аз ҳисоби наврасону ҷавонони маҳаллӣ ташкил шуда, тӯли як моҳ байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамин гуна бо баргузор шудани сабқатҳои марҳилаи муқаддамотӣ ва нимниҳоӣ дар даври охир ду даста, ки аз маҳаллаи Алахчин ва Ҷангалаки ноҳия намояндагӣ менамуданд бо ҳам қувва озмуданд. Бозии ниҳоӣ маҷрои хеле тезу касб намуда, ниҳоят бо таносуби андаке бар суди тими “Алахчин” хатм шуд. Ғолибони ин сабқат бо нишон, ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.