Анҷоми рақобатҳои паҳлавонони тоҷик дар Чили

Анҷоми рақобатҳои паҳлавонони тоҷик дар Чили

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола, ки аз 9-ум то 13-уми август дар пойтахти Чили - шаҳри Сантяго баргузор шуд, бо як медали биринҷӣ ва як мақоми панҷум дар байни 64 кишвар ҷойи 24-умро соҳиб шуданд. 

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 428 варзишгар (230 писару 198 духтар) аз 64 кишвар иштирок дошт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ гуштигир дохил буд. Аз байни онҳо танҳо ба Ҷамолиддин Абдуллоев муяссар шуд, ки медал ба даст орад. Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш Чинг Лонг Овен Вонг (Ҳонконг), Маркос Сантос (Бразилия) ва Петру Пеливан (Молдова) дар қувваозмоии чаҳорумаш аз Марк Ҳристов (Булғористон) мағлуб шуд. Ҷамолиддин дар мубориза барои медали биринҷӣ аввал бар Иван Кукита (Аргентина), сипас бар Байрам Кандемир (Туркия) дастболо гардид.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони со 18-сола дар Чили:

Писарон
50 кг
1. ДЕ ОЛИВЕЙРА Алдӣ (Бразилия)
2. ОЧИЛОВ Мақсуд (Ӯзбекистон)
3. ФЕКЗКО Ксанад (Маҷористон) 
3. МОЕС Даан (Ҳолланд)

55 кг
1. АККУС Михрак (Туркия) 
2. КАПАНАДЗЕ Лука (Гурҷистон)
3. НАГУЧЕВ Абрек (Русия) 
3. СУМИ Хитойоши (Ҷопон)

60 кг
1. НАГУЧЕВ Казбек (Россия)
2. САЛИМБОЕВ Нурзод (Қазоқистон)
3. БАЯНМУНХ Нармандах (Муғулистон)
3. КОНДО Хаято (Ҷопон)

66 кг
1. КАТСУРА Ранто (Ҷопон) 
2. ҲРИСТОВ Марк (Булғористон)
3. АБДУЛЛОЕВ Ҷамолиддин (Тоҷикистон)
3. ЙОУНГ Куаган (Канада)

73 кг
1. БЕКАУРИ Лаша (Гурҷистон)
2. НАКАНАШИ Далки (Ҷопон)
3. АГАЯН Армен (Русия)
3. КОЧ Муҳаммад (Туркия)

81 кг
1. МАТВЕЙЧИУК Еуген (Молдова)
2. ГИЛ Агустин (Аргентина)
3. ТОТХ Бенедек (Маҷористон)
3. ШИНТАС Серикболсин (Қазоқистон)

90 кг
1. СЕРБАН Эдуард (Руминия) 
2. МОРИ Кеншин (Ҷопон)
3. КЕНДРИК Бенҷамин (Канада)
3. ГАҶИЕВ Саид (Россия)

+90 кг
1. КИМ Минҷонг (Кореяи Ҷанубӣ)
2. БАБАЯН Давид (Россия)
3. ШРЕЙБЕР Ҷонас (Олмон) 
3. ОЙДИН Умар (Туркия)