Англия: Бозиҳои боқимондаи ду дастаи пешсаф

Англия: Бозиҳои боқимондаи ду дастаи пешсаф

Чуноне ба ҳамагон маълум аст, чемпионати Англия яке аз мусобиқаҳои муқтадири ҷаҳон ба шумор меравад. Дар чемпионати мазкур бозиҳо хеле сахту шиддатнок баргузор мешаванд. Ду дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқаи мазкур, яке “Челси” ва дигаре “Тоттенхэм” барои чемпион шудан муборизаи шадиде бурда истодаанд. Бошгоҳи “Челси”, ки мавсими мазкурро хеле фаъол пушти сар дорад, дар бозии охираш аз дастаи сармураббии қаблиаш Жозе Моуриню, дар варзишгоҳи муҳташами “Олд Таффорд”, дар ҳузури мухлисоли зиёд бо ҳисоби 2:0 шикаст хурд. Ин шикаст барои дастаи “Тоттенхэм” каме имкон дод, то ки таносуби имтиёзҳяшро аз дастаи “Челси” ба чор имтиёз расонад. Дастаҳои “Челси” ва “Тоттенхэм” то ҳол 32 бозӣ гузаронидаанд, ки дар натиҷа тими “Челси” 75 ва “Тоттенхэм” 71 –имтиёз ба даст овардаанд. Ҳоло бошад, дар пеш ҳарду бошгоҳ 6 бозии дигар доранд. Чун ба бозиҳои оянда назар афканем, дастаи “Тоттенхэм”-ро 3 бозии дигар бо дастаҳои “Арсенал”, “Манчестер Юнайтед” ва “Лестер Сити” интизор аст. Бошгоҳи “Челси” бошад, танҳо 1 бозии мушкил бо тими “Эвертон” анҷом медиҳад.