Ашқобод-2017: 3 медали биринҷии дигар ба хазинаи медалҳои Тоҷикистон зам шуд

Ашқобод-2017: 3 медали биринҷии дигар ба хазинаи медалҳои Тоҷикистон зам шуд

Санаи  20-уми сентябр дар рӯзи панҷуми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ мусобиқоти гӯштини камарбандӣ, тарзи классикӣ идома ёфт, ки варзишгарони тоҷик соҳиби боз 3 нишони биринҷӣ гардиданд. Аз кишвари мо имрӯз дар мусобиқа 10 варзишгар – Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон, ва миёни мардон Акрамхуҷа Тошмуротов (-70 кг), Рӯзибой Сафаров (-80 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Тошзода Муҳаммадғуфрон (-70 кг), Абдусалом Саломов (-100 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг), Маҳмад Миров (+100 кг), Достонбек Почоев (-90 кг) ва Худоёр Раҷабзода (-65 кг) вориди рақобат шуданд. Аз миёни онҳо Худоёр Раҷабзода, Достонбек Почоев ва Маҳмад Миров ба гирифтани медали биринҷии бозиҳо сазовор гардиданд. Ёдовар мешавем, ки Маҳмад Миров медали дуюми биринҷӣ ба даст овард. Ӯ ду рӯз пеш дар гӯштини анъанавӣ низ сазовори ҷои сеюм шуда буд. Ҳамин тариқ шумораи медалҳои Тоҷикистон дар бозиҳо ба 17 адад расид: 1 нуқра ва 16 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 22 мебошад.

Сарчашма:http://olympic.tj/