Асосгузорони футбол ва “пентакампеонҳо” ғолибро муайян накарданд

Асосгузорони футбол ва “пентакампеонҳо” ғолибро муайян накарданд

Бозии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби Англия ва Бразилия, ки дар варзишгоҳи “Уембли” баргузор гардид, бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима ёфт. Бозӣ бо созмон додани лаҳзаҳои хеле ками хатарнок ҷараён мегирифт ва мухлисон шоҳиди гол нагаштанд. Ёдовар мешавем, ки ҳам мунтахаби Бразилия ва ҳам Англия роҳхати Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварданд.

Бозии дӯстона

Англия – Бразилия – 0:0   

Белгия – Ҷопон – 1:0 (0:0)

Гол: Лукаку, 72. 

Австрия – Уругвай – 2:1 (1:1)

Голҳо: Забитcер, 5. Шауб, 87. – Кавани, 10. 

Уэлс – Панама – 1:1 (0:0)

Голҳо: Лоуренс, 75 – Купер, 90