Автогол ба «Арсенал» ғалаба овард

Автогол ба «Арсенал» ғалаба овард

Дирӯз дар доираи даври 28-уми чемпионати Англия  дар варзишгоҳи “Эмирейтс” вохӯрии мавқуфмонда байни тимҳои “Арсенал” ва “Лестер Сити” баргузор шуд. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 86-ум кушода шуд.  Аз майдончаи ҷаримавӣ Начо Монреал як зарбаи шадидро ҷониби дарвозаи “Лестер” мезанад, ки баъд аз бархурд ба бадани ҳимоятгари рақиб Реберт Хут вориди дарвозаи Шмейхел мегардад. Ҳамин тавр, автоголи задаи Хут ба дастаи “Арсенал” ғалаба овард ва рақобат бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид.

Дар бозии дигари мавқуфмондаи даври 28-уми Премйер Лигаи Англия дастаи “Кристал Пэлас”  дар замини  худ бошгоҳи “Тоттенхэм”-ро қабул кард. Бозӣ дар варзишгоҳи «Селхерст Парк” баргузор шуда, бо ҳисоби   0:1 бо ғолибияти меҳмонон анҷом ёфт. Голи ягонаи ин сабқатро дар ҳайати тими меҳмонон Кристиан Эриксен дар дақиқаи 78-ум ба номаш муҳр зад.

Дар бозии дигари ҳамин давр бошгоҳи “Мидлсбро” дар замини худ, яъне варзишгоҳи “Риверсайд”  дастаи  “Сандерленд”-ро қабул кард. Ин вохӯрӣ низ як тӯби ба нишонрасидаро  ба таркиб дошт. Ин голро  дар дақиқаи 8-ум  Мартен де Рон воридид дарвозаи “Сандерленд” намуд.

Чемпионати Англия. Даври 28-ум. Бозии мавқуфмонда

"Арсенал" - "Лестер" - 1:0 (0:0)

Гол: Хут, 86 - аг

"Арсенал": Чех, Монреал, Гиббс (Уэлбек, 68), Коселни, Габриэл Паулиста, Белерин, Озил, Кокелен (Рэмси, 75), Ҷака, Уолкотт (Жиру, 75), Санчес. 

"Лестер": Шмайхел, Хут, Фукс, Беналуан (Грэй, 90), Симпсон, Олбрайтон, Маҳрез, Дринкуотер, Ндиди, Улоа (Окадзаки, 70), Варди.


"Мидлсбро" - "Сандерленд" - 1:0 (1:0)

Гол: де Рон, 8.


 "Кристал Пэлас" – "Тоттенхэм" – 0:1 (0:0)

Гол: Эриксен, 78 (0:1).