Аввалин бохти "Интер" дар мавсим

Аввалин бохти "Интер" дар мавсим

Бошгоҳи футболи “Интер” дар даври 17-уми Серияи А тими “Удинезе”-ро пешвоз гирифт. Рақобати дастаҳо сахту сангин сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 бар нафъи тими меҳмон хатм шуд. Аз ҳайати меҳмонон голҳоро Кевин Лазаня, Родриго де Паул ва Антонин Барак ба самар расониданд. Ягона голи тими “Интер”-ро сафдар Мауро Икарди таслими дарвозаи рақибон намуд. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин бохти бошгоҳи “Интер” дар мавсими ҷорӣ ба ҳисоб меравад. Баъд аз сипаришудани 17 давр тими “Интер” бо касби 40 хол ҳанӯз дар мақоми 1-уми ҷадвали Серияи А ҷойгир мебошад.

Чемпионати Италия. Серияи А. Даври 17 –ум

"Интер" - "Удинезе" - 1:3 (1:1)

Голҳо: Лазаня, 14 (0:1). Икарди, 15 (1:1). де Паул, 61 - пен (1:2). Барак, 77 (1:3).