Аввалин нокомии Ҷаҳонгир Маҷидов (ВИДЕО)

Аввалин нокомии Ҷаҳонгир Маҷидов (ВИДЕО)

Паҳлавони навраси кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон дар вазни -81 кило сазовори мақоми панҷум шуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар Намҳун Лӣ (Ҷумҳурии Корея) ва Музаффарбек Турабоев (Ӯзбекистон) ғалаба карда, ба даври нимниҳоӣ баромад. Аммо дар ин давр аз варзишгари Молдова Ейген Матвеисус, ки қаҳрамони вазни -81 шуд, мағлуб гашт. Дар рақобат барои ҷои сеюм бошад, аз Серикболсин Шинтас (Қазоқистон) шикаст хурд. Ҷои дуюм насиби Агустин Гил (Аргентина) ва ҷои дигари сеюм насиби Бенедек Тот (Маҷористон) гардид.

Ҷаҳонгир Маҷидов соли равон дар ду мусобиқа иштирок намуда пируз гардида буд. Чанде муддат пеш аз ин мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бишкеки Қирғизистон унвони қаҳрамони Осиёро ба даст оварда буд.

Новобаста аз ин нокомӣ, умедворем Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар раддабандии федератсияи байналмиллалии дзюдо дар вазни худ байни наврасон садрнишин мебошад руҳафтода нагардида, аз ин нокомиаш як дарси хуберо барои собиқаи варзишии ояндааш хоҳад андухт.