Баргузории гўштини байналмилалӣ дар Кўлоб
Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб аз ҷашни Наврўзи аҷам бо баргузории як қатор мусобиқаҳои варзишӣ истиқбол карданд. Ин навбат дар ҷамоати деҳоти Даҳана-и шаҳри Кўлоб бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Давлаталӣ Сироҷов мусобиқаи гӯштингирии гӯштини миллии тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа беҳтарин варзшгарони ҷумхурии Тоҷикистон, Ўзбекистон ва федератсияи Россия ширкат варзида барои ба даст овардани тўҳфаҳои пуливу молӣ бо ҳам неруозмоӣ карданд. Пеш аз оғози мусобиқа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дарҷ гардид, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонону варзишгарон ва муаррифии дастовардҳои онҳо ба мусобиқоти имрўза пахлавонони номдори Тоҷикистон ба монанди Расул Боқиев, ҷаҳонпаҳлавон Хоҷазода Беҳрўз, сармурабби тими мунтахаби кишвар оид ба Ҷудо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва дигар варзишгарони номдори дохилию хориҷӣ ба ҳайси меҳмони фахрии мусобиқот даъват гардида ба онҳо тўхфаҳо тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа ба ғайр аз тўҳфаҳои пуливу молӣ 4 шоҳҷоиза барои сабқатҳои ҷолибу ҷозиби паҳлавонон гузошта шуд, ки баъдан барои ба даст овардани мошини сабукрав ду паҳлавони номдори кишвар Саидҷалол Саидов ва Шоҳрухи Амирхон ба майдон баромаданд. Сабқати ин ду паҳлавони гаронвазн басо ҷолиб сурат гирифт, ки дар натиҷаи як партофти бобарор Саидҷалол Саидов ғолибият ба даст оварда соҳиби шоҳҷоиза гардид. Туҳфаи ғолибро аз номи соҳибкорони ватании шаҳри Бохтар паҳлавони номдори Тоҷикистон ҷоизадри бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев ба ғолиб ҳадя намуд. Дар идомаи ин тадбири варзишӣ яке аз шохҷоизаҳои дигари мусобиқа барои иштироки фаъолонаи варзишгарони ҷумхурии Ўзбекситон ба ин даста ҳадя карда шуд. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа паҳлавонони дигари мамлакат ба монанди Абўбакр Раҳмонов, Фирдавс Насимов, Ҷумахон Назриев, Комрон Карлиоков, Дадахон Қурбоналиев, Хуршед Маҷидов, Одил Сафаров, Абўбакр Зоиров, Сорбон Латифов, Шарифҷон Назриев ва дигар паҳлавонони номдори кишвар ҳунарнамоӣ намуда баъди ҳар як ғолибият бо тўҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида шуданд. Мусобиқаи мазкурро доварони дараҷаи байналмилалӣ Зариф Назриев, Абдулло Тангриев, Ҳасан Абдуллоев ва дигарон ҳакамӣ карданд. Ёдрас мешавем, ки дар ин мусобиқа беш аз 20-ҳазор нафар ҳаводорони гӯштингирӣ аз гўшаву канори мамлакат ба ҳам омада ба паҳлавонони худ мухлисӣ карданд. Тантанаҳои идона ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб барои сазовор ҷашн гирифтани Наврўзи аҷам идома доранд.