Барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» байни наврасону духтарон мусобиқаи теннис оғоз гардид

Барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» байни наврасону духтарон мусобиқаи теннис оғоз гардид

21 марти соли равон дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» доир гардид. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-2 ва Суғд иштирок доранд. Мусобиқа то 24 март идома ёфта, ғолибон бо ҷоми «Пойтахт 2017», медал ва дипломҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида мешаванд. Мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол байни бонувон ва теннис байни наврасону духтарон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» роҳандозӣ шудааст .