“Барселона” аз мусобиқоти бошгоҳии Осиё бозингар мехарад

“Барселона” аз  мусобиқоти бошгоҳии Осиё бозингар мехарад

Нимҳимоятгари “Гуанчжоу Эвергранд” Паулиню дар рӯзҳои наздик, ба “Барселона” гузариш мекунад. Тибқи расонаҳои хабарӣ,   футболбози номбурда рӯзи 17-ум дар ҳайати тими каталониҳо расман эълон карда мешавад. Паулиню аллакай бо ҳамдастагонаш дар бошгоҳи футболи чиноӣ хайру хуш кард ва ба Аврупо омад. Ӯ 16-уми август бо “Барселона” шартномаро ба имзо мерасонад ва рӯзи дигар ҳамчун бозингари ин бошгоҳ муаррифӣ карда мешавад. 
Қабл аз ин сармураббии “Гунчжоу Эвергранд” Луис Филиппе Сколари хабар дод, ки Паулиню ҳунарнамоияшро дар “Барселона” идома хоҳад дод. Нархи трансфери Паулиню ба “Барселона” 40 миллион евроро ташкил медиҳад.