“Барселона” ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Испания роҳхат гирифт

“Барселона” ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Испания роҳхат гирифт

Дастаи “Барселона” дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания дар варзишгоҳи “Камп Ноу” бо дастаи “Атлетик Билбао” рақобат намуда дар натиҷа дастаи меҳмонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Дар бозии аввал шогирдони Луис Энрике дар меҳмони бо ҳисоби 2:1 шикаст хурда буданд. Аммо дар ин бозӣ голҳои Суарес, Неймар ва Месси дастаи “Барселона”-ро ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Испания бурд. Дар ҳайати ғолибон голи аввалро дар қисми якуми дидор аниқтараш дар дақиқаи 35-уми рақобат ҳамлагар Луис Суарес таслими дарвозаи меҳмон намуд. Дар қисми дуюми бозӣ ду голи дигаро Неймар ва Месси ба ҳадаф расониданд. Ягона голи дастаи “Атлетик Билабо”-ро дар дақиқаи 51-уми бозӣ Саборит ба дарвозаи “Барселона” зад. Қаблан роҳхати даври ¼ ниҳоии Ҷоми Испанияро дастаҳои “Атлетико Мадрид”, “Алавес”, “Алкоркон” ва “Реал Соседад” ба даст оварда буданд. Ҳоло се роҳхати дира байни дастаҳои “Эйбар” — “Осасуна”, “Селта” — “Валенсия” ва “Севиля” — “Реал Мадрид” мебошад.

Ҷоми Испания. Даври 1/8 ниҳоӣ. Бозиҳои Ҷавобӣ

"Барселона" - "Атлетик" - 3:1

Голҳо: Л.Суарес, 35 (1:0). Неймар, 48 - пен (2:0). Саборит, 51 (2:1). Месси, 78 (3:1)

"Барселона": Силлессен, Пике, Жорди Алба, Юмтити, Иниеста (Арда Туран, 89), Бускетс, Серхи Роберто, Рафиня (Ракитич, 80), Месси, Л.Суарес, Неймар (Д.Суарес, 87).

"Атлетик": Ираисос, Баленсиага, Эчейта (Элустондо, 30), Боведа, Ляпорт, Саборит (Сусаэта, 79), Сан-Хосе, Эчеварриа, Эрасо, Иньяки Уилямс, Мерино (Адурис, 46).


"Вилярреал" - "Реал Соседад" - 1:1 (1:1)

Голҳо: Ойярсабал, 15 (0:1). Р.Сориано, 45 (1:1).

"Алавес" - "Депортиво" - 1:1 (1:0)

Голҳо: Мендес, 45 (1:0). Алехандро Аррибас, 62 (1:1).

"Кордова" - "Алкоркон" - 1:2 (1:0)

Голҳо: Поваккари, 9 (1:0). Давид Родригес, 51 (1:1). Алехо, 68 (1:2).