“Барселона” футболбози мунтахаби Бразилияро расман харидорӣ намуд

“Барселона” футболбози мунтахаби Бразилияро расман харидорӣ намуд

Бошгоҳи “Барселона” то ҳол сафи бозигаронро пурра месозад. Ин навбат бошгоҳи каталонӣ аз Осиё  як футболбозро  ба тим шомил кард. Бошгоҳи “Барселона” хабари гузариши нимҳимоятгари “Гуанчжоу Эвергранд” Паулинюро тасдиқ намуд. Маблағи  муомилот  40 млн евроро ташкил намуд. Ин футболбози 29 сола рӯзи 17-уми август аз муоинаи тиббӣ гузашта, шартномаашро бо тими каталонӣ ба имзо мерасонад. Паулиню дар мавсими гузаштаи Суперлигаи Чин дар 20  вохӯрӣ ба майдон баромада, муаллифи  7 гол ва 2 партофти  натиҷаовар гаштааст. Ёдовар мешавем, ки Паулиню дар  дастаи “Тотенхэм”-и Англия низ дар ду мавсим ҳунарнамоӣ кардааст.