Беҳтарин футболбози ҷаҳон муайян мешавад

Беҳтарин футболбози ҷаҳон муайян мешавад

Имрӯз маросими мутантани ҷоизасупорӣ ба беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2017 баргузор мегардад. Тибқи маълумоти ВАО-и ҷаҳонӣ ҳамлавари бошгоҳи “Реали Мадрид” ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар ин чорабинӣ нисбат ба рақибонаш имкони бештари ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро дорад. Ёдовар мешавем, ки ин футболбози 32-солаи португалӣ то ҳол 4 маротиба барандаи “Тӯби тиллоӣ” гардидааст ва бо гирифтани ҷоизаи мазкур маротибаи панҷум ба ситораи дигари олами футбол Лионел Месси баробар мешавад. Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҳамроҳ бо унвони беҳтарин футболбози сайёра аз ҷониби ФИФА тақдим карда мешуд, вале соли ҷорӣ ин ду ҷоиза боз аз ҳам ҷудо гардид. “Тӯби тиллоӣ”-ро дар соли 2017 маҷаллаи “France Football” тақдим мекунад.