Беҳтарин футболбози ПЛА дар моҳи ноябр

Беҳтарин футболбози ПЛА дар моҳи ноябр

Нимҳимоятгари бошгоҳи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ беҳтарин футболбози Премйер-лигаи Англия дар моҳи ноябр ном бурда шуд, дар ин бора хабар медиҳад, сомонаи расмии ПЛА. Салоҳ аввалин футболбози мисрие мебошад, ки ба гирифтани чунин ҷоиза даст меёбад.  Барои ба даст овардани ҷоизаи мазкур инчунин футболбозони мазкур муддаӣ ба шумор мерафтанд:  Раҳим Стерлинг, Кевин Де Брёйне (ҳарду – «Манчестер Сити»), Роберт Брэйди («Бёрнли»), Эден Азар («Челси»), Шкодран Мустафи («Арсенал») ва Эшли Янг («Манчестер Юнайтед»). Дар моҳи гузашта, Муҳаммад Салоҳ дар чаҳор бозии дастааш вориди майдон шуда, ба задани ҳафт гол даст ёфтааст.