Беҳтарин мураббии моҳи декабр дар ПЛА

Беҳтарин мураббии моҳи декабр дар ПЛА

Сармураббии бошгоҳи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола беҳтарин мураббии моҳи декабр дар Премйер-лигаи Англия эълон шуд. Овоздиҳӣ, ки дар сомонаи расмии лига баргузор шуда буд, ғолибро муайян кард. Коршиноси испанитабор маротибаи чаҳорум аст, ки беҳтарин мураббии моҳ дар ПЛА эълон мешавад, ки натиҷаи мазкур рекорд мебошад. Қаблан Гвардиола дар моҳҳои сентябр, октябр ва ноябри соли 2017 беҳтарин номбурда шуда буд. Хотиррасон мекунем, ки барои ба даст овардани ҷоизаи мазкур  Сэм Эллардайс («Эвертон»), Антонио Конте («Челси»), Рой Хоҷсон («Кристал Пэлас»), Юрген Клопп («Ливерпул») ва Маурисио Почеттино («Тоттенхэм Хотспур») муддаӣ ба шумор мерафтанд. Дар моҳи декабр “Манчестер Сити” 7 рақобат сипарӣ намуда, дар 6 тояш пирӯз ва як дигарро бо мусовӣ хотима додааст.