Бохти ҷавонони Тоҷикистон аз Беларус

Бохти ҷавонони Тоҷикистон аз Беларус

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсиюни байнулмилалии футбол) Валентин Гранаткин дар бозӣ барои ҷойҳои 9-16-ум аз дастаи Беларус аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 6:7 шикаст хӯрд.

Замони асосии ин бозӣ, ки шоми шанбеи 14-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар заданизарбаҳои 11-метрӣ кори мунтахаби Беларус омад кард ва бо ҳисоби 7:6 пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамакнун футболбозони ҷавони тоҷик барои ҷойҳои 13-16-ум мубориза мебаранд. Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 17-уми январ бо дастаи мағлуби бозии ҷуфти Литва – Молдова, ки имрӯз 15-уми январ маълум мешавад, рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур дар сабқати гурӯҳи “А” дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голи ягонаро Эҳсони Панҷшанбе аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд. Вале футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ аз мунтахаби Булғористон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гаштанд. Мунтахаби Тоҷикистон бозии севумашро бо мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ба як голи эстониҳо, Шериддин Бобоев бо гол посух дод.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “А” мунтахаби Юнон бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Булғористон бо 4 имтиёз дувум шуд. Тоҷикистон низчор имтиёз гирифт, вале бо назардошти

натиҷаи бозӣ миёни ҳарду, Тоҷикистон баъди Булғористон дар зинаи севум ҷойгир шуд. Эстония бо ду имтиёз ҷойи охиринро соҳиб гашт.

Ҳамин тариқ, дастаҳои Юнон ва Булғористон, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд, муборизаро барои ҷоизаҳои мусобиқа идома медиҳанд. Вале дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-16-ум талош мекунанд. Дар гурӯҳи “В” дастаи Русия бо 9 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Латвия бо 4 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи “С” дастаҳои Қазоқистон ва Словакия бо 5-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро ишғол карда, ба ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ мушарраф шуданд. Дар гурӯҳи “D” дастаи Санкт-Петербург бо 6 имтиёз ҷойи аввал ва тими Словения бо 5 имтиёз ҷойи дувумро гирифтанд ва ба даври чорякниҳоӣ баромаданд.

Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Маҷмааи варзишию фарҳангии шаҳри Санкт-Петербурги Русия то рӯзи 21-уми январ идома хоҳад кард.

Ҷоми Валентин Гранаткин - 2017

Барои аз 9 то 16-ҷой

Тоҷикистон– Беларус – 0:0. Бо пеналти – 6:7

Тоҷикистон: Хомиҷон Исҳоқов (Далер Азизов, 88), Маҳмадзарифи Абдураҳим (Зиёвуддин Фузайлов, 46), Ҳусейн Нурматов (Далер Ёдгоров, 37), Манучеҳр Сафаров, Оятулло Сафаров, Ваҳдат Ҳанонов, Саидмухтор Азимов, Кароматулло

Саидов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Нуриддин Ҳамроқулов (Умарҷон Шарипов, 73).