Бохти нобаҳангоми “Ливерпул” аз “Эвертон” муборизаро барои унвони қаҳрамонии ПЛА душвортар кард

Бохти нобаҳангоми “Ливерпул” аз “Эвертон”   муборизаро барои унвони қаҳрамонии ПЛА  душвортар кард

Бозии мавқуфгузошташудаи даври 29-уми чемпионати Англия миёни дастаҳои “Эвертон” ва “Ливерпул” баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Гудисон Парк”-и шаҳри Ливерпул барпо шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид.

Дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ Ҷеррад Брантвэйт аз ҳайати мизбонон ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаи 58-ум Доминик Калверт-Люин ҳисобро дуболо кард. Ирсоли головарро ба Калверт – Люин ниммуҳофизатгар Дуайт МакНил таъмин намуд. "Ливерпул" кӯшиш кард, ки муқобилат кунад. Бо вуҷуди ин, ӯ натавонист мудофиаи рақибро рахна кунад.

Ҳамин тариқ, “Ливерпул” бо 74 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот боқӣ монд. «Эвертон» бо 33 имтиёз дар зинаи 16-ум аст. “Арсенал” бо 77 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот аст.