Бохти Тоҷикистон аз Булғористон

Бохти Тоҷикистон аз Булғористон

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин рӯзи 10 январ дар гурӯҳи «А» дар бозии дувумаш дар Санкт-Петербург аз мунтахаби Булғористон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар дақиқаи 43-юм Николов ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ дар дақиқаи 56-ум бозигари мунтахаби Булғористон Вакадинов корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур рӯзи 8 январ дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Эҳсони Панҷшанбе аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври дувуми сабқати гурӯҳи “А” 10 январ мунтахаби Юнон дастаи Эстонияро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври дувум дар ин гурӯҳ мунтахаби Булғористон бо 4 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Юнон ва Тоҷикистон се имтиёзӣ доранд. Мунтахаби Эстония як имтиёз гирифтааст.

Бозии ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ 12-уми январ бо дастаи Эстония баргузор мешавад. Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия то 21-уми январ идома хоҳад кард.

Ҷоми Гранаткин. Даври 2-юм

Булғористон – Тоҷикистон – 1:0

Тоҷикистон: Далер Азизов, Хувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов (Манучеҳр Сафаров, 46), Ваҳдат Ҳанонов, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Умарҷон Шарипов (Саидмухтор Азимов, 85), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 46), Нуриддин Ҳамрокулов.

Гол: Кирилл Николов, 43.