“Боруссия” барои Дембеле маблағи ҳангуфт мехоҳад

“Боруссия” барои Дембеле маблағи ҳангуфт мехоҳад

Гуфтушунид байни дастаҳои “Барселона” ва “Боруссия”-и Дортмунд барои гузариши ҳамлавар Усмон Дембеле ба тими каталонӣ то ҳанӯз давом дорад. Тибқи маълумоти ВАО дастаҳои номбурда то ҳол арзиши форварди 20 солаи фаронсавиро муайян накарданд. Ба маълумоти сарчашмаҳо каталониҳо омода ҳастанд, ки барои харидории Дембеле 130 миллион евро бо ҷамъи подошпулӣ пардохт намоянд. Аммо дастаи олмонӣ барои Усмон Дембеле 150 миллион евро мехоҳад. Санаи 10-уми август ин футболбози фаронсавӣ дар тамринҳои дастааш бе асос иштирок накард ва ба Фаронса сафар намуд. Дар мавсими гузашта Усмон дар 49 бозии дастааш ба майдон баромада, ба задани 10 гол ва 21 партофти головар даст ёфтааст.