Боруссия хостори харидории бозигари “Челси”

Боруссия хостори харидории бозигари “Челси”

Маъмурияти бошгоҳи «Боруссия»-и Д  аз бозии ҳамлавари дастаашон Миша Батшуайи қаноатманд ҳастанд. Маҷаллаи  «Evening Standard» хабар медиҳад, ки Батшуайи дар ду бозӣ ба задани 3 гол даст ёфтааст ва маъмурияти бошгоҳи «Боруссия» омодаанд Батшуайиро комилан харидорӣ кунанд. Бояд ёдовар шуд, ки ин бозигари мунтахаби Белгия  дар мавсими хариду фурӯши зимистонаисоли ҷорӣ ба ҳайси иҷора аз дастаи «Челси» ба «Боруссия»  гузариш намуда буд.