Бошгоҳҳои англисӣ ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд

Бошгоҳҳои англисӣ ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд

Дар даври плей-оффи имсолаи Лигаи чемпионҳо панҷ даста аз Англия “Манчестер Юнайтед”, “Манчестер Сити”, “Челси”, “Ливерпул” ва “Тоттенхэм” иштирок хоҳанд кард. Дар таърихи ин мусобиқоти бонуфӯзи қораи Аврупо бори аввал аст, ки панҷ намояндаи як мамлакат дар даври плей-офф ширкат мекунанд. Маросими қуръакашии марҳилаи плей-офф рӯзи 11 декабр дар Ниони Швейтсария доир мегардад.