Бозгашти Салоҳ ба Англия

Бозгашти Салоҳ ба Англия

Нимҳимоятгари дастаи “Рома”-и Италия Муҳаммад Салоҳ ба Ливерпул гузар намуд. Қарордоди ҳамкории Муҳаммад Салоҳи мисрӣ бо ин бошгоҳ ба муҳлати 5 сол, яъне то соли 2022 ба имзо расид. Тибқи тавофуқ музди заҳмати ӯ солона 5,5 млн евро муқаррар шудааст. Маблағи гузариш бошад, 45 млн евроро ташкил медиҳад. Муҳаммад Салоҳ як тан аз футболбозони зӯртарини мунтахаби Миср буда, дар ҳайати он дар 53 бозӣ майдондорӣ намуда, ба задани 29 гол муваффақ омадааст. Ин хабар дар саҳифаи расмии твиттери бошгоҳи Ливерпул нашр шудааст.

- Ман тамоми маҳорату малакаамро истифода хоҳам бурд, то дар бошгоҳи “Ливерпул” бо ба даст овардани ҷоизаҳои бештар доаст хоҳем ёфт.-гӯфт Муҳаммад Салоҳ.

Ин футболбози 25 сола аз соли 2015 дар дастаи “Рома” бозӣ намуда, дар 83 вохӯрӣ вориди майдон гардида, 34 голро марбути номи худ намудааст.