Бозгашти Чичарито ба “Олд Траффорд”

Бозгашти Чичарито ба “Олд Траффорд”

Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Манчестер Юнайтед» тасмим гирифтааст, ки дар гузариши зимистонаи хариду фурӯши футболбозон ҳамлагари мексикоӣ Хавиер Эрнандес, машҳур ба Чичарито шартнома ба имзо расонад. Тасмими мазкур бинобар сабаби лат бардоштани Златан Иброҳимович – ҳамлагари даста ба миён омадааст. Чуноне, ки қаблан маълум гашта буд, дастаи «Вест Хэм»-и Англия дар зимистони имсол омодагии худро барои ҷудо шудан аз Чичарито иброз дошта буд. Сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» Жозе Мауриню бошад, шефтаи бозиҳои ин футболбози мексикоӣ мебошад. Чичарито қаблан дар дастаи «Манчестер Юнайтед» солҳои 2010-2015 фаъолият намуда, дар 158 бозӣ, 59 голро ба самар расонидааст. Ҳамзамон бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» барои бозингари дастаи «Лестер» Ҷейми Варди низ дархост пешниҳод намудааст. Нархи гузариши Варди, 35 миллион фунти англисиро ташкил медиҳад. Дар баробари Варди бошад, бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» мумкин аст, нишонзани беҳтарини дастаи «Арсенал», Алексис Санчесро, ки бошгоҳи «Манчестер Сити» нияти ба дастааш гирифтанро дорад, ба даст орад.

Дар таҳияи Орзу Раҳимов