Бозгашти Клаудио Ранйери ба Англия

Бозгашти Клаудио Ранйери ба Англия

Клаудио Ранйери мутахассиси кордон ва шинохтаи итолиёвӣ дубора ба Ватани футбол баргашт. Ин маротиба ба курсии сармураббии “Лестер” не балки ба курсии сармураббигии бошгоҳи "Фулхэм" даъват шуд. Дар ин мақом ӯ Славиша Йокановичро иваз намуд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ӯ соли 2016 бо дастаи “Лестер Сити” ба таври ҳангомавӣ унвони қаҳрамонӣ дар Чемпионати Англияро ба даст оварда буд.