Бозгашти Мария Шарапова ба теннис

Бозгашти Мария Шарапова ба теннис

Теннисбози маъруфи Россия Мария Шарапова баъди ҳукми Федератсияи байналмилалии теннис аз нав ба майдони рақобатҳои теннис бармегардад. Тавре портали «Sportinglife.com» хабар медиҳад, ин тенисбози шӯҳратёр дар мусобиқаи намоишии Мадрид, ки 4 май шурӯъ мегардад, ба майдон хоҳад омад. Ба ғайр аз Шарапова боз теннисбозон -Кеи Нисикории японӣ ва Фелисиано Лопеси испанӣ барои иштирок дар ин мусобиқа розигии худро додаанд.

Моҳи июни соли 2016 Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) Мария Шараповаро барои истеъмоли допинг-мелдония ба муҳлати ду сол аз бозиҳо маҳрум кард. 4 октябр Суди арбитражии варзиш (CAS) ин муҳлатро аз ду соли пешбинишуда ба 15 моҳ кӯтоҳ кард. Мария Шарапова ба нақша гирифтааст, ки 26 апрел дар мусобиқаи Ассотсиатсияи тенниси бонувон(WTA) дар Штутгарт иштирок кунад.