Бозгашти мунтахаби Бразилия

Бозгашти мунтахаби Бразилия

Мунтахаби миллии Бразилия охирон дафъа соли 2002 қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии футбол гашта буд. Баъдан солҳои 2004 ва 2007 Ҷоми қитъаи Амрикоро ба даст оварданду халос. 

soc_winners_15.jpg

Беҳтаринҳо бинобар сабаби синну солашон дастаро тарк намуданд. Воқеан онҳо бозии футболро ҷозибае бахшида буданду тамошобоб. Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2010, ки дар кишвари Африқои Ҷанубӣ баргузор гашт, Бразилия дастаи пурқувват буд. Дар ҳайати он, Майкон, Кака, Робиню ва дигар футболбозони машҳури олам шомил буд. Дар дигар давраҳо, ҳама мавқеъҳои асосиро бозингарони машҳур пур мекарданд. 

maxresdefault.jpg

Масалан, дар соли 2006, дар сафи ҳуҷумкунандагон ҳамроҳ бо Кака ва Робиню, Роналдо, Роналдиню ва Адрианю буданд. Ҳамаи бозингарони мазкур дар ҳолати хуби бозӣ намудан қарор доштанд. Баъд аз 4 сол бошад, онҳоро Луис Фабиано (аз дастаи “Севиля”), Нилмар (аз дастаи “Вилярреал”) ва Графите (аз дастаи “Волфсбург”) иваз намуданд. Бо вуҷуди ин тими мунтахаби миллии Бразилия аз марҳилаи ¼ финалӣ боло нарафт. 

Дар соли 2014, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол дар кишвари худашон – Бразилия баргузор гашт, ҳайати тими миллӣ тақрибан ҳамон хел буд. Ба онҳо боз, Неймар, Марсело, Давид Луис, Тиаго Силва низ ҳамроҳ шуданд. (Ногуфта намонад, ки Силва соли 2010 низ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ширкат намуда буд). Ба ҷои ҳуҷумкунандаи марказӣ Фред (1 гол ба самар расонид), дар тарафи рост Халк (ягон гол назад), дар марказ бошад, Оскар, Рамирес, Луис Густаво бозӣ менамуданд. Ҳайатро сармурабби машҳур – Луис Фелипе Сколари ҳамоне, ки бо мунтахаби Бразилия ҷоми 5-умро дар соли 2002 бо дастааш оварда буд, роҳбарӣ мекард. Ба ҷуз ин, ҷоми ҷаҳонӣ дар кишвари худашон баргузор мешуд ва ба гуфте: «деворҳо низ кӯмак мекарданд». Қабл аз «бозии асосӣ» байни тимҳои миллии Бразилия бо Олмон, Неймар ҷароҳат бардошт ва Тиаго Силва бо сабаби кортҳои зарди гирифтааш аз бозӣ маҳрум гашт. Давомаш бошад, бисёр ғамангез аст. Бразилиягиҳо бо ҳисоби бузурги 7:1 бозиро ба олмониҳо бохтанд. 

eiD_9fahw_l.jpg

Дар ҷоми ҷаҳонии 2018, ки дар Россия баргузор мегардад, қаҳрамони 5 каратаи ҷаҳон бо ҳайати соҳибистеъдодтарин бозигарони олам ба майдон меояд: Дарвозабони машҳури 24 солаи дастаи “Манчестер Сити” – Эдерсон, дар марказ ба ҷуз Тиаго Силва ва Давид Луис, боз Маркинюси қавӣ, дар тарафи рост Дани Алвес, ки то ҳол ҳимоятгари пурқувват маҳсуб меёбад ва дар тарафи чап Марсело ва Алекс Сандро ҳайати тимро пурра мегардонанд. Ҳайати нимҳимоя низ, назар ба соли 2014 пурқувваттар гардонида шудааст: Паулиню, ки аз Чин ба дастаи овозадори “Барселона” баргаштааст ва ҳамдастааш – Филиппе Каутиню, ки дуюмин гаронтарин футболбози ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ҳамчунин боз Фирминю ва Фернандинюе, ки сармураббии дастаи “Манчестер Сити” – Пеп Гвардиола ӯро ситоиш намудааст. Дар ҳуҷум бошад, Неймар акнун танҳо нест. Габриел Жезуси соҳибистеъдод (аз дастаи “Манчестер Сити”) ӯро ҳамроҳӣ мекунад. 

2016-1110-Philippe-Coutinho-Neymar-Gabriel-Jesus.jpg

Дар маҷмӯъ, ҳайат дар ҳолати олӣ қарор дорад. Фақат тактикаи хуби бозигузорӣ ва маҳорати олии сармураббӣ - Аденор Леонардо Бакши (Тите) лозим аст, то маротибаи 6-ум ҷоми ҷаҳонии футбол ба Бразилия равад.

Brazil_men's_football_team_2016_Olympics.jpg

Дар таҳияи Раҳимов Орзу