Бозгашти “Спартак” бар муҳри худ

Бозгашти “Спартак” бар муҳри худ

Дастаи “Спартак”-и Москва дар замини худ тими тавонои “Севиля”-и Испанияро, ки се карат барандаи мусоқоти Лигаи Аврупост, дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бидуни интизор торумор намуда, ба масал на танҳо ҳангома барангехт, балки бо мансубаҳои аълояш ва маҳорату малакаи фиребояш дар зеҳну зикрҳои мухлисонаш дастаи дастони пешинро зинда кард. Чаро ки бошгоҳи “сурху сафедҳо”-и собиқ дар баробари ҳарифони тавоно ту гуфтӣ дуболо тушу тавон афзуда, ҳарифонашро сарафканда месохт. Ин бозӣ нусхае буд аз он “Спартак”-е, ки дар дили футболбозони дастаҳои муқтадир даҳшат бармеангехт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Откритие Арена»-и шаҳри Москва сурат гирифта, бо ҳисоби калони 5:1 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт. Ба голи аввали “сурху сафедҳо”, ки онро Квинси Промес ба номаш муҳр зад, нимҳоятгари меҳмонон Симон Кяр сазовор посух дода, таносубро дар ин дидор барқарор кард. Аммо дар идомаи рақобат соҳибони майдон ташаббусро пурра ба даст гирифта, 4 голи пай дар пай ба дарвозаи ҳарифони пурқуввати худ заданд. Ҳаққи муаллифии голҳоро Лоренсо Мелгарехо, Денис Глушаков, Луис Адриано ва Квинси Промес ба номашон сабт намуданд. Бошгоҳи “Спартак” бидуни эътино бо ҳунарнамоии номуваффақаш дар Премйер – Лигаи Россия дар мавсими ҷорӣ тавонист дар баробари рақиби тавоно ғалабаи мутлақ ба даст биорад. Ҳамакнун мағзи масъалаву моҷаро ин аст, ки оё ин бошгоҳ бар муҳри пешинаи худ пурра баргашта, барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар мамлакат талоши шоиста, ба харҷ дода метавонад ё на?
Ҳамчунин дар дидори дигари гурӯҳи “Е” бошгоҳи футболи «Ливерпул»-и Англия тими «Марибор»-и Словенияро дучори мағлубият сохт. Дар ин сабқат шогирдони Юрген Клопп ба дарвозаи ҳарифон 7 голи беҷавоб заданд. Ин пирӯзӣ дастаи “Спартак”-ро дар ҷавали гурӯҳ мартаба дод. Ҳамакнун спартакиҳо бо тими “Ливерпул” бо имтиёзҳои баробар, аммо таносуби голҳо зинаи якуму дуюми ҷадвалро бо ҳам бахшу қисмат мекунанд. То ин муддат даста ду дидорро бо натиҷаи мусовӣ анҷом дода буд. “Севиля” дар зинаи 3-юм ҷой гирифт.   

Лигаи чемпионҳо. Гурӯҳи “Е”. Бозии 3-юм

«Спартак» (Россия) – «Севиля» (Испания) – 5:1 (1:1)

Голҳо: Промес, 18,90 ,Мелгарехо, 58, Глушаков, 67,Адриано, 74 – Киер, 30.