Бозигари «Регар ТадАЗ» ба Баҳрайн меравад

Бозигари «Регар ТадАЗ» ба Баҳрайн меравад

Комрон Турсунов ҳамлавари навраси боистеъдоди бошгоҳи «Регар ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода шояд мавсими баъдӣ  дар кишвари Баҳрайн ҳунарнамоӣ кунад. Оиди таваҷҷуҳ намудани яке аз бошгоҳои ин кишвари арабзабон то чӣ андоза амиқ аст худи бозикун ҷавоб дод: «Қабл аз итмоми мусобиқаи Тоҷикистон яке аз бошгоҳи Баҳрайн бо  мо дар тамос шуд  ва мо пешниҳоди онҳоро пазируфтем шояд, моҳи январ барои аз санҷиш гузаштан ба Баҳрайн равам». Бояд зикр намуд,ки Комрон Турсунов дар ду бозии охири мусобиқаи лигаи олии кишвар ба задани 6 гол даст ёфтааст ва талош дорад дар яке аз  бошгоҳҳои  хориҷа ҳунарнамоӣ кунад.