Буффон имкони вазир шудан дорад

Буффон имкони вазир шудан дорад

Санъатшинос ва нависандаи итолиёӣ Витторио Сгарби гуфтааст, ки агар дар интихобот  мо бо партияи “Эхё” ғолиб гардем, пас Буффон вазири нави варзиш дар Италия хоҳад буд. Ҷанлуиҷи шахси лоиқ аст, ӯ ба наздики ба корномаи худ дар тими миллӣ хотима хоҳад бахшид. Буффон ба санъат ва сиёсат таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ба он чи, ки мо ба Буффон пешниҳод карда будем, ӯ изҳори  розигӣ карда буд. Ӯ дар ин бора ба ман хат фиристода буд. Мо бо Буффон якҷо дар намоиши расомон дар Триест будем, ва онҷо низ ба ман гуфта буд, ки моро дастгирӣ хоҳад кард. Бояд ёдовар шуд, ки дарвозабони 39 сола ин мавсим дар 7 бозӣ иштирок карда ва 8 гол ба дарвозаи худ сар додааст.