"Челси", "Арсенал" ва "Тоттенхэм" дар талоши ситораи футбол

"Челси", "Арсенал" ва "Тоттенхэм" дар талоши ситораи футбол

Абардастаҳои Англия мехоҳанд аз вазъияти начандон хуби Серхио Агуэро истифода карда, ӯро харидорӣ кунанд.
Дар ду бозии охирон, аз ҷумла зидди дастаҳои “Эвертон” ва “Барселона, сармураббии “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола Серхио Агуэроро дар курсии эҳтиётӣ қарор дод. Ин рафторҳои Хосеп Гвардиола овозаҳоеро ба миён оварданд, ки гӯё ҳамлагари 28-солаи аргентинӣ аз боварии сармураббии испанӣ баромадааст ва аз ҷояш дар ҳайати оғозии даста маҳрум гаштааст.
Аммо Гвардиола хост мухлисонро ором кунад ва иброз дошт, ки Агуэро ояндаи даста аст ва ӯ боз солҳои дароз дар ин бошгоҳ мемонад.
Бино бар хабарҳои нашриёти Goal.com, ин вазъияти нохуби Агуэроро “Тоттенхэм”, “Челси” ва “Арсенал” назорат карда истодаанд ва агар Агуэро хоҳад, ки тарки даста кунад, ин бошгоҳҳо барои ба даст овардани ҳамлагари аргентинӣ мубориза хоҳанд бурд.
Дар мавсими ҷорӣ Агуэро дар ҳайати “Манчестер Сити” 12 бозӣ карда, 11 гол задааст, ки ин нишондодҳо ӯро беҳтарин нишонзани даста мекунанд.