“Челси” муддаии асосӣ барои ба даст овардани ҳимоятгари “Реал”

“Челси” муддаии асосӣ барои ба даст овардани ҳимоятгари “Реал”

GloboEsporte хабар медиҳад,ки Данило ба ҳама шарту шароити гузариш ба дастаи “Челси” розигии худро додааст. Муфассалтар дар бораи ин шартнома хабар дода нашудааст.  Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Ювентус” ва “Реал” оиди гузариши ин  ҳимоятгари 26-сола ба сафи бозикунони бошгоҳи туринӣ розигии худро додаанд, аммо пас аз ин маълум гашт, ки барои харидории Данило бештар “Челси” имконият дорад.  Данило соли 2015 аз “Порту” ба “Реал” омад. Бошгоҳи шоҳонаи “Реал” барои ин ҳимоятгар € 31,5 млн масраф намуда буд, аммо Данило натавонист мавқеи худро дар ҳайати асосии “Реал” пайдо бикунад. Тибқи натиҷаҳои омории мавсими гузашта, Данило дар 17 бозӣ ширкат варзида, муаллифи 1 гол шуда, ба 2 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи Данило бо “Реал” бояд тобистони соли 2021 ба анҷом мерасид.