Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар Кӯлоб ба анҷом расид

Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо  дар Кӯлоб ба анҷом расид

16-уми апрел дар шаҳри Кӯлоб Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо доир гашт.

Паҳлавонони кишвар дар 8 вазн миёни мардҳо барои ишғоли ҷойҳои намоён талош карданд. Дар натиҷа, Эмомалӣ Қурбонов (-53 кг), Масъуд Куканшоев (-58 кг), Сорбон Латипов (-64 кг), Муҳаммад Раҷабов (-71 кг), Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Комрон Карликов (-98 кг) ва Хуршед Маҷидов (+98 кг) бар ҳарифон дастболо гардида, унвони чемпиони Тоҷикистонро дар соли 2024 сазовор гаштанд.

Аз ҳисоби ғолибон дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.