Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб идома дорад

Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб идома дорад

Дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ байни наврасону ҷавонон идома дорад. Маврид ба ёдоварист, ки ин тадбири варзишӣ дар ҳавзи болопушидаи шиноварии Хадамоти Алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб роҳандозӣ гардида зиёда аз 100 нафар варзишгарон аз тамоми шаҳру ноҳияиҳои мамлакат ширкат меварзанд. Бинобар иттилоъи сардовари мусобиқа дар рўзи аввали чемпионат варзишгарон аз рўи 6 намуди шиноварӣ, ки дар онҳо 13 маҷмўи медалҳо ба бозӣ бароварда шуданд, духтарону писарон инфироди ва даставӣ иштирок карданд. Дар рўзи дуюми сабкатҳо бошад аз рўи 5 намуди шиноварӣ мусобиқа идома ёфта, варзишгарон барои бадаст овардани 11 маҷмўи медалҳо байни писарону духтарон ва омехта боҳам нерўозмуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин намуди варзиш ба бозиҳои олимпӣ шомил буда Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо кумитаву федератсияҳои дахлдори ин риштаи варзиш баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ва омода намудани варзишгарони касбӣ пайваста чораҷўӣ мекунанд. Дар чемпионати мазкур низ варзишгарони наврасу ҷавон дар ҳамаи масофаҳои олимпӣ аз ҷумла дар масофаи 50 метр тарзи озод, 50 метр брасс, 100 метр пуштнокӣ, 200 метр комплексӣ эстафетаи омехта бо иштироки духтарон ва писарон, батерфлай дар масофаи 50 метр ва ҳамчунин намуди маъмули шиновари эстафеда байни писарону духтарон дар масофаи 50 метр бо иштироки 4 варзишгар ва дигар намуди шиноварӣ ташкилу роҳандозӣ гардид. Яке аз мақсадҳои чемпионати мазкур, дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷалби онҳо ба машқу тамрини ҳамешагӣ мебошад, ки дастандаркорон ба ин ҳадафи худ то андозае муваффақ гардиданд.

Баъди анҷоми ду рўзи мусобиқа ғолибон ва беҳтаринҳо муайян гардида бо медалу диплом ва тўҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Давоми ду рўзи баргузории мусобиқа варзишгарон аз рўи беш аз 20 намуд бо медалу диплом қадрдонӣ шуданд. Ёдрас мешавем, ки дар рўзи сеюми мусобиқа варзишгарон аз рўи 3 намуди шиноварӣ ки дар онҳо 7 маҷмўи медалҳо ба бозӣ бароварда мешаванд иштирок намуда беҳтаринҳо ба дастаи якачини наврасону ҷавонони мамлакат шомил мешаванд ва ба мусобиқаҳои минбаъда омодагӣ мегиранд.