Чемпонати CAFA: Як қадами дигар то ба қаҳрамонӣ

Чемпонати CAFA: Як қадами дигар то ба қаҳрамонӣ

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии чоруми худ дар доираи Чемпионати кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) миёни футболбозони 16 сола бар Эрон пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 3-0 ба фоидаи футболбозони мамлакатамон хатм гардид. Голҳои мунтахабамонро Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба самар расониданд. Бозии ояндаи худро Тоҷикистон бо Афғонистон санаи 1-уми август доир мекунад. Барои мо танҳо як имтиёз лозим аст то ин ки дар мусобиқаи мазкур қаҳрамон шавем. Бозии дигар байни тимҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба суди яккачини Ӯзбекистон хотима ёфт. Дар айни замон мунтахаби кишвар бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад.