Дар Мадрид теннисбози 20-солаи рус Мария Тимофееваро ғорат карданд

Дар Мадрид теннисбози 20-солаи рус Мария Тимофееваро ғорат карданд

Ракеткаи 99-уми ҷаҳон, теннисбози 20-солаи рус Мария Тимофеева хабар дод, ки ӯро дар шаҳри Мадриди Испания ғорат кардаанд.

Ба гуфтаи теннисбоз, аз суратҳисоби бонкии ӯ беш аз 10 ҳазор евро гирифта шудааст. Ҳоло Мария қайд мекунад, ки корт ҳама вақт бо ӯ буд, ба истиснои як вақт, ки вай онро дар утоқи меҳмонхонааш гузоштааст. Ҷолиб он аст, ки телефон барои тасдиқи транзаксияҳо ягон огоҳинома нагирифтааст. Тимофеева кайд кард, ки ҳамаи харидҳо дар ҳамон районе сурат гирифтааст , ки вай дар он ҷо буд. 

Ёдовар мешавем, ки Тимофеева барои ширкат дар мусобиқаи гилин дар категорияи WTA-1000 ба Мадрид омада буд. Мария аз даври интихобӣ баромада натавонист. Ӯ дар ин марҳила аз  ракеткаи 86-уми ҷаҳон Ҳарриет Дарт (11) аз Британияи Кабир бо ҳисоби 6:4, 3:6 5:7 шикаст хӯрд.