Дар ПЛА барои найранг муҷозот пешбинӣ шудааст

Дар ПЛА барои найранг муҷозот пешбинӣ шудааст

Шӯрои Ассотсиатсияи футболи Англия (FA) қароре қабул намуд, ки дар мавсими ояндаи соли 2017/18 футболбозе, ки дар вақти бозӣ найранг (симуляция) мекунад, аз ду бозӣ муҷозот карда мешавад. Тибқи баъзе сарчашмаҳо аллакай ин қарор расман аз тарафи Шӯрои Ассотсиатсияи футболи Англия қабул карда шудааст. Дар қонуни нав футболбозе, ки дар вақти бозӣ ба найранг (симуляция) роҳ медиҳад, аз тарафи Шӯрои Ассотсиатсияи футболи Англия дар ду бозии оянда муҷозот карда мешавад. Аз соли 2011 то инҷониб қонуни мазкур дар чемпионати Шотландия амал мекунад. Дар мавсими ҷорӣ дар Премер – Лигаи Англия бошгоҳи “Челси” бо роҳбарии коршиноси итолиёвӣ Антонио Конте ҷоизадори мусобиқаи мазкур шуд.